Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:35

Раҳматилло Зойиров: Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон чизе намехоҳад

11 июн 2011, 11:24

Дар робита ба боздиди ахири райисҷумҳури Тоҷикистон аз Аврупо, ки тайи шаш рӯзи моҳи равон сурат гирифт, таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ мавқеъгириҳое низ доштанд. Пол Куин Ҷоҷ, раҳбари барномаи «Гурўҳи байналмилалии бўҳрон» (ICG) дар Осиёи Марказӣ, низ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар мавриди сафари кории Эмомалӣ Раҳмон натичагирӣ кардааст.

Хабаргузории «Регнум» бо такя ба суханони Пол Куин Ҷоҷ навиштааст, ки Тоҷикистон аз Итиҳоди Аврупо танҳо сармоя мехоҳад. Зеро, он маболиғе, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон ихтисос дода мешавад, ба ҷуз аз дастгирӣ ва устувор намудани низоми раҳбарони ин кишвар чизи дигаре нест. Итиҳоди Аврупо ба таври ғайрирасмӣ аз тамоми ҳаводиси ин кишвар, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи инсон, мавҷудияти фасод ва хатари амният огоҳӣ дорад. Аммо, фикр намекунам, ки барои бартараф кардани ин мушкилот чорае ҷиддие рўйи даст бигирад. Ба бовари Пол Куин Ҷоҷ, Итиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон коре аз дасташ барнамеояд ва дар бархе масоил танҳо «ишораҳои лафзӣ» мекунаду бас.

Дар робита ба андешаҳои Пол Куин Ҷоҷ, раҳбари барномаи Гурўҳи байналмилалии бўҳрон дар Осиёи Марказӣ ва то куҷо ба ҳақиқат наздик будани он «Озодагон» аз Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми юридикӣ ва раҳбари ҲСДТ пурсид:

Озодагон: Дар робита ба хулосабарории мутахасиси аврупоӣ чӣ назар доред? Оё гуфтан мумкин аст, ки воқеан Тоҷикистон аз Итиҳоди Аврупо танҳо маблағ мехоҳад?

Раҳматилло Зойиров: Бояд гуфт, ин масъала ду паҳлў дорад.

Нахуст ин аст, ки мутобиқи санади мавҷуда, ки аз соли 2007 ба имзо расидааст, Итиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ чизе намехоҳад. Дуввум, гуфтаҳои мутахасис Пол Куин Ҷоҷ то ҷое дуруст ҳастанд. Зеро Тоҷикистон равобит ва ҳамкории худро на танҳо бо Аврупо балки бо тамоми ташкилоти молиявӣ ва байналмилалӣ бо дарназардошти манфиати худ ба роҳ мондааст. Барои ба даст овардани маболиғи зиёд. Ба андешаи ман  мушкили аслӣ ин аст. Ин маънои онро надорад, ки ман ҳукумат ва ё Тоҷикистонро бо ин бадном созам. Вале, ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт бояд корро дуруст анҷом диҳад, на барои паст кардани шаъну шарафи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Ҳукумати Тоҷикистон аз хусусияти «талбандагӣ» бояд даст бишўяд. Вақте маблағро мегирад, онро бояд тавре истифода бубарад, ки он ба манфиати давлат бошад. На барои пур кардани кисаҳои мансабдорон. Манфиати мардуми тоҷик бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Маблағҳои грантие, ки аз ҷониби ИА ба мо ихтисос дода мешавад, самаранок истифода  намешаванд. Он грантҳоро масъулин бештар барои устувор кардани ҳокимияти характери ҳусусияти авторитарӣ ва тотолитарӣ дошта равона месозанд. Мушкил ин аст.

Озодагон: Тавре маълум аст, ин аввалин нигаронии мутахасиси байналмилалӣ нест. Қаблан, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, бонки рушди Осиё, намояндагони ИМА ва ғайра шикоятҳои ҳаммонанде низ доштанд. Ба андешаи шумо ин нигарониҳо натиҷае хоҳанд дод?

Раҳматилло Зойиров: Дар ин маврид ҳаминро мегўям, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ рўи рост қароре бароварда наметавонанд. Ягона коре, ки онҳо анҷом медиҳанд, метавонанд ҳамкориро қатъ карда маблағгузорӣ накунанд. Вале дар қарордодҳои аслии онҳо ҳамкорӣ дар мадди аввал меистад. Онҳо вазифадоранд барои Тоҷикистон ва кишварҳои ба ин монанд дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ёрӣ расонанд. Аз ҷониби дигар, созмонҳои байналмилалӣ метавонанд робитаро миёни ҳамдигар ба роҳ бимонанд. Барои мисол, Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилали асъор ва ИА метавонанд пас аз ихтисоси маблағ дар мавриди ҳарҷи он пажўҳише гузаронида, хулосаи ягона бароранд. Мутобиқ ба он хулоса метавонанд санади расмӣ қабул кунанд. Аммо ҳоло чунин нест. Ҳукумати Тоҷикистон низ инро ба хубӣ медонад ва сӯиистифода мебарад. Дар сурати ба таври ягона даст кашидани Аврупо аз ҳамкорӣ, ҳукумати Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилалӣ бигўяд, ки ИА аз ҳамкорӣ даст мекашад. Мушкилоти феълӣ мушкили имрўзаи ИА аст.

Озодагон: Пас, метавон гуфт, ки ИА барои равобит ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор нест?

Раҳматилло Зойиров: Албатта, аз Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон манфиати бевосита надорад. ИА равобит ва ҳамкориашро бештар барои оянда ба роҳ мемонад. Бо дарназардошти захоири энержӣ ва муҳити зист ҳамкорӣ мекунанд,то дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ Аврупо аз ин танқисӣ накашад. Барои ҳамин, сармояи захираашро ҷиҳати дастгирии давлатҳои ОМ ихтисос медиҳад. ИА ин ҳамаро медонад ва намехоҳад, ки ҳамкориаш «хушку холӣ» бошад. ИА бисёр дурнамои хуб дорад. Дар ин маврид борҳо бо мутахасисони ИА сўҳбат анҷом додаам. Тамоми ҳамкориашонро барои оянда ба роҳ мондаанд ва кўшиш мекунанд, ки камтар ба вазъи дохилӣ мудохила намоянд.

Озодагон: Чун сухан дар мавриди дурнамои ҳамкории ИА рафт, мехостам аз шумо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон суол кунам. Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз дурнамои аслии ин итиҳод мебошад. Пас вақте онҳо аз вазъи Тоҷикистон бохабаранд, чаро ба нақзи ҳуқуқи инсон чашм мепўшанд?

Раҳматилло Зойиров: Ин ҳам як хусусияти дипломатии дурнамои ИА аст. Албатта онҳо ҳуқуқи инсонро эътироф мекунанд, вале на дар дараҷаи аввал. Таъмини амнияти энержӣ ва муҳити зист барои Аврупо муҳимтар аз ҳуқуқи инсон аст. Аз ин хотир онҳо намехоҳанд дар ин маврид ба Тоҷикистон чизе бигўянд. Онҳо сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки мутобиқи он давлатҳои ОМ аз ҷумла Тоҷикистон худ бояд мушкилиҳояшро бартараф намояд. Яъне, ИА ёрӣ мерасонад, роҳ нишон медиҳад, вале бевосита кореро анҷом дода наметавонад. Онҳо дар мавриди роҳандозӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тасмимгирӣ нахоҳанд кард. Ин бар зиммаи ҷомеаи ОМ ва Тоҷикистон аст.{jathumbnail off}

Ҳумайрои БАХТИЁР




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!