Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

Ронандаи ҷавон ду нафарро захмӣ кард

17 сентябр 2012, 05:15

Аз 10-умто 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе 10 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандон ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз БДА-и пойтахт подполковники милитсия Шерафган Латипов иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, 14-уми сентябри соли равон соати 07-35 дақиқа ронандаи автомашинаи «Opel-Vectra» Шуҳрат Азимов соли таваллудаш 1993  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Шоҳтемур, аз ҷониби кӯчаи А.Лоҳутӣ ба самти кӯчаи Аҳмади Дониш, дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи истеҳсоли машрубот (маъруф ба “Пивзавод”) пиёдагардон Муниса Малаховаи 14-сола ва Фарзона Малаховаи 5 соларо пахш карда, аз пой меафтонад, ки онҳо зарари ҷисмонӣ гирифта, дар беморхонаи марказии тиббӣ бистарӣ мешаванд.
-Аз таҳлилҳои коршиносони БДА бармеояд, ки сабаби асосии ба амал омадани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз ҷониби пиёдагардон ва ҳам аз ҷониби ронандаҳо мебошад- афзуд Шерафган Латипов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!