Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

Вокуниши беш аз 100 синамогари эронӣ ба филми тавҳиномез

17 сентябр 2012, 06:36

Беш аз сад тан аз ҳунармандон ва синамогарон тайи баёнияи муштарак сохти филми зиддиисломӣ тавассути филмсози амрикоӣ ва иҳонат ба соҳати муқаддаси Паёмбари бузурги Ислом(с)- ро маҳкум карданд.

Матни ин баёния ба ин шарҳ аст: «Андешаҳои нажодпарастонаи ҳоким бар ҷаҳони ғарб вақте тавонист аз фирқасозии резу дурушт дар ҷаҳони Ислом ба аҳдофи худ бирасад, чанд солест, ки нўки пайкони ҳамалоти худро мутаваҷҷеҳи чеҳраи тобнок ва илоҳии Паёмбари бузурги Ислом(с) кардааст. Онҳо мехоҳанд аз симои дурахшони ҷаҳони инсоният, ки дини осмонияш бештарин маориф ва омузаҳои зиддинажодпарастонаро ба инсоният арза кардааст, интиқом бигиранд. Аз Салмони Рушдӣ, то карикатуристи донморкӣ ва то он  кашиши ҳатток ва то ҳамин филми зиддиинсонии коргардони амрикоӣ ҳама ва ҳама пораҳое аз ин филмномаи зиддибашарӣ мебошад».

Хонаводаи синамои Эрон, зимни маҳкум кардани ин гуна иқдомот, аз ҳунармандони синамогари соири кишварҳо, бавижа Амрико мехоҳад то бо маҳкум кардани созандагон ва ҳомиёни ин филм иҷоза надиҳад то нажодпарастони сиёсӣ беш аз ин сармояҳои ситурги ҷаҳони башариро мавриди таарруз қарор диҳанд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!