Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

17 сентябр 2012, 09:17

Давоми  ҳашт моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум 4,9 дар садро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз ин ниҳоди молӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фисад ва маҳсулоти озуқа 2,0 дар сад ба вуқӯъ омад.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод.
Лозим ба ёдоварист, соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2010-ум 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!