Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Авфи байналмилал аз муҷозот шудани корманди милиса истиқбол кард

17 сентябр 2012, 13:07

”Авфи байналмилал аз ҳукми суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ин ноҳияро барои истифодаи шиканҷа тибқи моддаи 143.1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор намуд, истиқбол мекунад”. Ин нукта дар изҳороти ахири Созмони Авфи байналмилал омадааст.

Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта мешавад, ки нозири минтақавӣ барои дар таърихи 27-уми апрели соли 2012 озору шиканҷа додани ноболиғи 17 сола ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид.     
“Баъди моҳи марти соли равон ба қонуни ҷиноятии кишвар ворид намудани ҷинояти шиканҷа, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст, бори аввал аст, ки намояндаи мақомот барои содиркунии ин ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ҷазо гирифт. Ҳамчунин, бори аввал дар Тоҷикистон шахси ҷабрдида сазовори ҷуброни муносиб гардид: дар хусуси ҷуброни 1619 сомонӣ зарари молиявие, ки зимни табобат ба вай расонида шуда буд, қарор карда шуд”,-омадааст дар гузориши Авфи байналмилал.          

Тибқи изҳорот 27-уми апрел ноболиғи 17 сола ба гумони дуздӣ аз ҷониби корманди милисаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дастгир гардида, дар шӯъбаи навбатдории милисаи Ёвон бе иштироки ҳимоятгар пурсида шуд. Барои ба ҷиноят иқрор шудан вай эҳтимолан мавриди лату куб қарор гирифт. 28-уми апрел вайро такроран ба шӯъбаи милиса даъват намуда, озору шиканҷаро давом доданд. Ноболиғ дар хусуси ин лату куб ба касе чизе нагуфт, вале санаи 29-уми апрел қасди худкушӣ намуд. Вай зинда монда, ба бемористон оварда шуд. 30-юми апрел ташхиси тиббӣ ва 28-уми май ташхиси судии тиббӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки ба вай зарари ҷиддии ҷисмонӣ расонида шудааст.         
“Нозири милиса ҳамчунин тибқи моддаи 316-и Кодекси ҷиноятӣ барои баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста шуд. Вай аз ҳуқуқи кор кардан дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ба муддати панҷ сол маҳрум гардид”,-гуфта мешавад дар гузориш.   

Тибқи иттилои Ҳабибулло Воҳидов, ҷонишини прокурори генералии Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли 2012 ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти истифодаи шиканҷа ворид гардидааст. Аз ин шумора шаш ҳолат тасдиқи худро ёфта, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, аммо танҳо дар як ҳолат мувофиыи моддаи 143.1, яъне шиканҷа парванда боз шудааст. Панҷ парвандаи дигар ҳолатҳоеро дар бар мегирад, ки пеш аз тағйири қонуни ҷиноятӣ рух додаанд ва аз ин сабаб, нисбати он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ин кирдорҳоро содир кардаанд, мувофиқи моддаи 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” айб эълон карда шудааст.        
“Авфи байналмилал аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки тафтишоти фаврӣ, мустақил ва ҳаматарафаи тамоми парвандаҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар бадрафториро таъмин намоянд”,-гуфта мешавад дар поёни изҳорот.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!