Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:04

Ноболиғи 18 соларо лату куб карданд. Дар маҳаллаи 82

17 сентябр 2012, 11:44

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо ҷурми авбошӣ як наврасро боздошт кардаанд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, Хуршед Азизови 16 сола ва Фирдавс Назарови 17 сола, сокинони  кӯчаи Зарафшон 14-уми сентябр дар маҳаллаи 82-юми пойтахт тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, Парвиз Воҳидови 18 сола, сокини кӯчаи Испечакро бидуни асос лату кӯб кардаанд: «Онҳо бо корд як маротибагӣ ба пои чап ва рости ҷабрдида мезананд. Дар натиҷа Парвиз Воҳидов ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст».
Тавре манбаъ иттилоъ дод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайи як амалиёт Хуршед Азизовро дастгир кардаанд. Ҳоло чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир кардани Фирдавс Назаров идома дорад.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!