Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 07:46

«МегаФон» сифати иртиботро беҳтар мекунад

18 сентябр 2012, 05:44

Ширкати «МегаФон» дар моҳи август даҳ истгоҳи  иртиботи бесими нави насли дуюм ва сеюмро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре Шаҳноз Комилзода, пиар-менеҷери ширкати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, дар пайи ин сифати алоқа дар ҷамоатҳои  Сарикиштӣ, Лоҳур, Зайнабобод ва Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин ҷамоати  Унҷии  ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти  Суғд ва дар шаҳри Душанбе (дар ноҳияи  Сино) ба маротиб беҳтар шуд: «Алоқаи мобилӣ аз «МегаФон» барои нахустин бор дар ҷамоати  Далёни поёни ноҳияи Ғончӣ ва  Ғудоси ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ имконпазир шуд, ба замми ин дар ҷамоатҳои Кеврон ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз ва ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ  истгоҳҳои иртиботи бесими нав сохта шуд, ки имкони гуфтугўи телефониро ба вуҷуд овард».  

Ҳамазамон, ширкати «МегаФон» рушду тавсеаи тиҷорати бахши хусусиро идома дода, фақат дар моҳи августи соли равон беш аз шаш нуқтаи фурӯш ва хидматрасонӣ ба муштариёнро ифтитоҳ кард.Толорҳои  оператор  дар кӯчаҳои  Южно -обходная (Корвон), Сомон (Гипрозем), хиёбони Рӯдакӣ 81(Горбушка)-и шаҳри Душанбе ба фаъолият шурўъ намуданд.

Ба қавли манбаъ, дар моҳи август марказҳои хизматрасонии нави «МегаФон» дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоатҳои Обикиик ва Хуросони вилояти  Хатлон ва ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!