Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Роҳҳои Рӯшон таъмир ва таъмини барқ дар Бартанг беҳбуд мехоҳад

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.

Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин ноҳия бо иштироки президент филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб-интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта мешавад, дар ин таълимгоҳ хонандагони синфҳои болоӣ, ки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, ҳунарҳои ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва технологияҳои компютериро меомӯзанд.

Зимнан қайд гардид, ки мабалғгузории ин муассисаи таълимӣ аз сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таълими умумӣ, касбомӯзӣ ва будубоши шабонарӯзӣ муҳайё аст. Толибилмони ин муассиса бо ошхонаи зебою барҳаво, хӯроки бепул, хобгоҳи хуштарҳи замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.   Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошанд. Шароите, ки дар толори бузурги варзишии он муҳайё гардидааст, метавонад натанҳо аз ҷониби мактаббачагон, балки дигар ҷавонону наврасони ноҳия мавриди истифода қарор гиранд.  

Манбаъ менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия бо намояндагони сершумори омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи Рӯшон мулоқот    анҷом дод. Зимни суханронии президент ва маҳфили пурсишу посухҳо ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи Рӯшон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Рӯшон дар муҳлати кӯтоҳ пурра навсозӣ карда шаванд. Тибқи дастури дигари президенти кишвар мушкили норасоии нерӯи барқ дар водии Бартанг дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ бояд бартараф гардида, роҳҳояш навсозӣ шаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)