Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Президент ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ: «Агар шумо вазифаҳои худро содиқона иҷро мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид»

20 сентябр 2012, 03:18

Дар идомаи боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, 19-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот анҷом дод.

Дар ин вохӯрӣ масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, дуруст ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои роҳбарӣ ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар миёни мардум баррасӣ шуд.

Тавре сомонаи расмии президенти Тоҷикистон менависад, Эмомалӣ Раҳмон аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: «Агар ҳамаи шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид».

Ба иттилои манбаъ, барои беҳсозии вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ба бунёдкорию созандагӣ ва тарзи ҳаёти солим сафарбар намудани мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба роҳбарияти мақомоти дахлдор доир ба таълиму тарбияи касбии кормандон, ҷо ба ҷогузории дурусти кадрҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба таъсири афкору ақоиди зараровари бегона, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, худшиносию худогоҳӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим шахсиятҳои обрӯманди шаҳру ноҳияҳои вилоят, зиёиён ва ҷавонони фаъолу ватандӯст васеъ ҷалб карда шаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!