Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 10:00

Арзиши гӯшт дар Тоҷикистон 19% боло рафтааст

20 сентябр 2012, 05:11

Давоми як соли охир гӯшти гов дар бозорҳои пойтахт 19 фоиз қиммат шуда, тибқи маълумоти расмӣ ҳоло ба ҳисоби миёна бо арзиши 33 сомонию 25 дирам фурӯхта мешавад.

Тавре ба хабаргузории  Озодагоназ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки 20-уми сентябри соли гузашта як кило гӯшти гов дар нуқтаҳои савдо 27 сомонӣ фӯрухта мешуд.

Бино ба иттилои манбаъ аз ҳама гӯшти арзон дар дӯконҳои гӯштфӯрушии  бозори «Варзоб» ба назар мерасад, ки 32 сомониву 50 дирам қиммат дорад. Дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии бозори «Саховат» бошад, он 33 сомонӣ  наргузорӣ шудааст.

Манбаъ афзуд, аз ҳама нархи гарон дар бозорҳои «Деҳқон» ва «Шоҳмансур» мушоҳида шудааст, ки як кило гӯшти гов 34 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудаааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!