Бахшҳо

IFC ба Тоҷикистон 100 миллион доллар меорад

Кристофер Миллер, сарвари Барномаи IC дар Осиёси Марказии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз қабули лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», ки айни ҳол дар баррасии парлумон қарор дорад, истиқбол намуд.

Номбурда иброз намудааст, ки қабули чунин санад ба фазои мавҷудаи мусоиди сармоягузории Тоҷикистон боз як нишонаи мусбатро зам хоҳад кард ва дар назар аст, ки IFC дар доираи он дар соли 2013 ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат тақрибан 100 миллион доллар маблағҳои сармоягузориро ҷалб намояд. Аз Кумитаи давлатии сармягузорӣ ва идлораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст райиси ин ниҳод Давлатлӣ Саидов қабули санади мазкурро дар инъикоси рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон афзуд, ки «қабули он марҳилаи аввал аст ва моро зарур аст, ки тадбиқи воқеии онро минбаъд таъмин намоем».

Гуфта мешавад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ  бо кӯмаки фании IFC як қатор ислоҳотҳоро дар самтҳои санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин дар баргузории тендери байналмилалии азхудкунии комплексии захираҳои кони Конимансури Калон самаранок тадбиқ намуда истодааст.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)