Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:54

Нусратулло Давлатов: Ширкати сохтмонӣ ва қаҳвахонаи «Лаззат» аз они ман нестанд

20 сентябр 2012, 08:29

Райиси Кумитаи андози ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки на ширкати сохтмонӣ дорад ва на ягон тарабхона.

Дар ин бора Нусратулло Давлатов аснои сӯҳбати виртуалӣ бо муштариёни хабаргузории Озодагон иброз дошт. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки ба таваҷҷӯҳатон расонам, ки ширкати сохтмонӣ аз ман не, балки аз фарзанди ман аст ва он на расман ва на ғайрирасмӣ комилан аз андоз озод нест: Андозҳои муқарраршударо саривақт пардохт менамояд, инчунин ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ соҳиби маълумоти дахлдор ва мутахассиси соҳаи худ аст, аз қонунгузории андоз хабардор аст ва дар фаъолияти худ кӯшиш менамояд, ки ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надиҳад.             

Дар иртибот ба қаҳвахонаи “Лаззат” ва соҳибмулки он, ҷаноби Давлатов гуфт, бинои мазкур ба бародари ман тааллуқ дошта, дар нозироти андози маҳал ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Бинои он барои фаъолияти соҳибкорӣ ба шахси дигар ба иҷора дода шудааст ва ин тартиб ба қонунгузорӣ мухолифат наменамояд.  

-Роҳбарон ва кормандони вазорату кумитаҳои давлатӣ хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқи ба соҳибкорӣ машғул шуданро надоранд, аммо қонунгузорӣ ба соҳибкорӣ машғул шудани фарзандони онҳоро манъ накардааст,- афзуд Давлатов.

Матни комили сӯҳбати виртуалии Озодагон бо Нусратулло Давлатовро  аз нишонии зер пайдо карда метавонед:   http://www.ozodagon.com/rbr/97-2011


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!