Бо далели таҷдиду тармими тайёраҳои Боинги ширкати «ТоҷикЭйр» қисме аз парвозҳои ин ширкатро мувақаттан «СомонЭйр» амалӣ намуда истодааст.
Тавре масъулини «ТоҷикЭйр» ҳам эътироф доранд, тайёраҳои ширкат айни ҳол асосан дар хатсайрҳои дохилӣ ва хориҷи наздик тавассути Ту-154, Ан-28, Ма-60 парвоз мекунанд.
Дар тавозуни ширкати «ТоҷикЭйр» ба ҳолати аввали моҳи июл 36 ҳавопаймою чархбол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳамагӣ 12 тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор доранду халос.
Масъулини «ТоҷикЭйр» дар қатори чархболу ҳавопаймоҳои истифодашаванда як Боинги 757-200, ду Боинги 737-500, як Боинги 737-300, як Ту-154, як Ан-26, як Ма-60 ва се чархболи -8МТВ – ро ном бурданд. Айни ҳол се ҳавопаймои Боинги ширкат таҷдиду тармим шуда истодаанд. 24 ҳавопаймои дигар дар нигоҳдории тӯлонӣ қарор дорад.
Дар мавриди табдили қисме аз ҳавопаймоҳои истифоданашаванда ба тайёраҳои боркаш Сӯҳроб Ҷураев, мудири техникии «ТоҷикЭйр» мегӯяд, ки хеле гаронарзиш хоҳад буд:
«Мо ин имкониятро дида таҳлил кардем. Табдил додани техникае, ки мо дорем ба боркашонӣ хароҷоти зиёд мехоҳад. Аз ҷумла барои боркаш намудани як тайёраи ТУ -154 3 миллион доллари амрикоӣ лозим аст, ки ширкат чунин имкониятҳоро надорад».
Масъулини ширкат мегӯянд, бисёр ширкатҳои хориҷӣ мехоҳанд, техникаашонро ба сифати оҳанпора харидорӣ намоянд, ки ин барои ширкат аз нигоҳи иқтисодӣ камманфиат аст. Бино ба ин аз фурӯши техникаашон то ҳол худдорӣ мекунанд.
Мӯҳр