Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

Аҳволи «Сангтӯда-1» сармоягузорони русро мегурезонад

21 сентябр 2012, 10:16

Таъхиркории «Барқи тоҷик» дар самти пардохти ҳаққи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба ширкати русии «Интер РАО ЕЭС» тааллуқ дорад, яке аз омилҳои асосии гурези сармояи Русия ба энергетикаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Мушкилоти «Сангтӯда-1» ҳамчунин далели асосии амалӣ нашудани тарҳи се нерӯгоҳи дигар арзёбӣ мешавад, ки ҳанӯз се сол пеш президенти вақти Русия Дмитрий Медведев омодагиро барои роҳандозияшон дар Тоҷикистон изҳор дошта буд. Масъалаи сохтмони ин се нерӯгоҳи миёнаиқтидорро дар Тоҷикистон, чанд моҳ пеш боз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вирди забон овард.

Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд, баъди изҳороти масъулини воломақоми Русия оид ба омодагии кишварашон барои сохтмони се нерӯгоҳи хӯрду миёна, ҷониби Тоҷикистон чанд лоиҳаро ба онҳо пешниҳод кардааст. Онҳо мегӯянд, ба ширкати русии «Интер РАО ЕЭС» сохтмони нерӯгоҳи иқтидораш 400 мегаватт дар дарёи Хингоб (ноҳияи Тавилдара), лоиҳаи нерӯгоҳи Оббурдон бо иқтидори 160-180 мегават (вилояти Суғд) ва лоиҳаи НБО-и Явроз бо иқтидори 120 мегаватт дар ноҳияи Ваҳдатро пешниҳод намудаанд. Аммо то ҳол масъалаи сохтмони ягонтои он аз ҷониби Русия ҳал нашудааст.

Сергей Лавров дар ин робита изҳор дошта буд, ки фаъолнокии кишвараш, дар робита ба  сармоягузорӣ ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон аз ҳалли мушкилоти вобаста ба фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бастагӣ дорад. Масъулини «Сангтӯда-1», ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Русия ва 25 дар садаш ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, шароити корашонро дар кишвар вазнин гуфта, дар ҳоли ҳозир бонги хатар мезананд, ки бо далели дарёфт нашудани маблағ эҳтимоли аз кор мондани нерӯгоҳ вуҷуд дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!