Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:13

Дар ноҳияи Сино авбошон тирпаронӣ карданд

13 июн 2011, 06:44

Шаби 11-уми июн дар кӯчаи Алишери навои ноҳияи Сино пойтахт гурӯҳи авбошон бо истифода аз силоҳ сӯи сокинон тирпаронӣ кардаанд.

Аз Вазорати корҳои дохила ба «Озодагон» гуфтанд, ки тибқи аризаи шикоятии шаҳрвандон Олим Хоҷаеви 24 сола ва Аъзам Мадалиеви 41 сола соати 23:30 дар кӯчаи А. Навоӣ Эраҷ Обид ва ду нафари дигари шахсияташон номаълум бо таппончаи травматикии МР-79-9 ТМ ба пойи чапи шаҳрванд Олим Хоҷаев тир холӣ намуда, бо қундоқи он ба сари Аъзам Мадалиев кӯфтаанд. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ин афрод дар Маркази Милии Тиббӣ бистариянд.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯй шаҳрвандон Обид Мақсудови 27 сола (сокини кӯчаи  Борбад, хонаи 122/36, айни замон дар ягон ҷо кор намекунад), Эраҷ Назарови 30 сола (истиқоматкунандаи кӯчаи Чехов, хонаи 31, бекор) дастгир шудаанд. Айни замон  барои муайян ва дастгир намудани ду нафари дигар чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯй идома дорад. Далели шайъӣ таппонча, 1 адад тирдон бо 3 дона гилза, дарёфт шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!