Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Як дабистони пойтахт ба системаи обгармкунакҳои офтобӣ гузашт

21 сентябр 2012, 10:39

Дар мактаб- интернати №4-и шаҳри Душанбе системаи нави обгармкунакҳои офтобӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз сафорати ИМА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин кор дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия дар биноҳои  истиқоматии  шаҳри Душанбе» имконпазир шудааст. Лоиҳаи мазкур  бо мақсади такмил додани системаи гармкунӣ  ва сарфаи нерӯи барқ дар мавсими зимистон, истифода  кардани имкониятҳои васеи технологияҳои энергиясарфакунанда ва манбаъҳои энергияи барқароршаванда пешбинӣ шудааст.

Хонум Эрин Элизабет МакКи, сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна гуфт, ки: «Ҳамкории дуҷониба ва дастгирӣ ба комёбии барномаҳои мо мусоидат намуда, ба ҳамаи мо ояндаи устувор ва равшанро таъмин менамояд».
Маврид ба зикр аст, ки давоми се соли охир, USAID 57 системаи обтаъминкунӣ бунёд кардааст, ки бо шарофати он 190 ҳазор нафар дар саросари Тоҷикистон бо оби  тозаи нӯшокӣ таъмин шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!