Бахшҳо

Дар роҳи Душанбе-Ӯзбакистон беш аз 73 миллион сарф шудаст

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон аз аввали сол то ҳол барои таҷдиду азнавсозии роҳи Душанбе-сарҳади Ӯзбакистон 73 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Ин роҳ бо сарфи 35 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳудуди 120 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд ва наздики 30 миллион доллар пули худи Тоҷикистон дар назар аст, то соли 2014-ум пурра таҷдиду азнавсозӣ шавад. Маблағҳои ҷудонамудаи Бонки аврупоӣ барои қисмати роҳе, ки дар дохили шаҳри Душанбе аст, сарф хоҳанд шуд. Қисмати боқимондаи роҳ ба дарозии 62 киллометр бо пули Бонки осиёии рушд, ки ба сифати грант ба Тоҷикистон додааст, сохта мешавад.

Масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯянд, баъди таҷдиду сохтмони роҳи Душанбе -сарҳади Ӯзбакистон имкон мешавад, ки тиҷорати байналмилалӣ рушд карда, ҳаёти мардуми атрофи ин роҳ, ки ба истиснои аҳолии Душанбе 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба маротиб беҳтар шавад.

Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ - аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Синои пойтахт то дарвозаи ғарбии он аз 8 хати ҳаракати мошинҳо иборат хоҳад шуд ва марҳилаи аввалро фаро мегирад. Анҷоми таҷдиду сохтмони ин қисмати роҳ то моҳи октябри соли 2013 дар назар аст. Дар мавриди қисмати дуюми роҳ масъулин изҳор медоранд, ки он аз Душанбе то шаҳри Турсунзода бо паҳноии 25 метр 4 хати ҳаракат хоҳад дошт ва аз Турсунзода то сарҳади Ӯзбакистон 15 метр паҳноӣ ва 2 хати ҳаракатро дар бар хоҳад гирифт. Анҷоми пурраи сохтмону таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода соли 2014-ум ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии азнавсозии роҳ ҳудуди 186 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)