Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Таваҷҷӯҳ ба суғурта бештар шудаст

21 сентябр 2012, 12:04

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бастани шартнома бо ширкатҳои суғуртавӣ дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 10 фоиз афзоиш ёфта, бештар аз 581 ҳазор ададро ташкил додааст.

Масъулини агентӣ мегӯянд, аз чор се ҳиссаи ин шартномаҳо ихтиёрӣ буда, ҳамагӣ 25 фоизро суғуртаҳои ҳатмӣ ташкил медиҳад.

Тайи ин муддат воридоти суғуртавӣ ба ширкатҳо 52 миллион сомониро ташкил дода, пардохтҳои суғуртавӣ ба 8,8 миллион сомонӣ баробар шудаст.

Айни ҳол дар кишвар тибқи омори расмӣ 15 ширкати суғуртавӣ, аз ҷумла ду давлатӣ ва 13 ширкати хусусӣ фаъолият дорад.

Бо вуҷуд оташсӯзиҳои ахири бозорҳо нишон дод, ки таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон ба суғурта дар сатҳи лозима нест. Аз ҷумла дар сӯхтори ахири Корвон қисми хеле ками зарардидаҳо суғуртаи молу амвол доштанд. Тибқи иттилои масъулини бозор аз 9 ҳазор тоҷир ҳамагӣ 124 нафар суғурта дораду халос.                                                                                                                                                         





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!