Бахшҳо
21 сен 2012 13:00Хабарҳои ҷаҳон

Нишасти шўрои амният дар бораи барномаи ҳастаии Эрон

Намояндагони кишварҳои узви шурои амният  нишастeро дар Ню Йорк баргузор карда ва ба баррасии мавзўъи ҳастаии Эрон пардохтанд.

Ба гузориши Форс Сузон Райс, намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид дар нишасти шўрои амнияти Созмони милал дар бораи таҳримҳои Эрон гуфт: замон дар ҳоли  ҳадар рафтан аст. Вай афзуд: қудратҳои байналмилалӣ, иборат аз  Англия, Чин, Фаронса, Олмон, Русия ва Амрико наметавонанд ба таври номаҳдуд ба гуфтугўҳои ҳастаии худ бо Эрон идома диҳанд.

Райс дар идома гуфт: мо наметавонем вориди раванди бидуни поёни музокироте шавем, ки то кунун бенатиҷа буда аст. Бинобар ин ба таври мушаxхас ва муттаҳид ба дунболи роҳи ҳалле барои нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон бошем.

Марк Лиёл Грант, намояндаи Англия дар Созмони милал низ дар ин нишаст гуфт: Эрон дар марҳилаи муҳиме қарор гирифта аст. Вай афзуд: ин кишвар метавонад нигарониҳои ҷомeаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаии худро нодида бигирад ва ё ҳатто метавонад дарбораи созише гуфтугў кунад, ки ба дарки мутақобил аз бартариҳои барномаи ҳастаии ғайринизомӣ кумак намояд.

Ҷерард Ару, намояндаи Фаронса дар Созмони милал низ гуфт: мо аз Эрон мехоҳем, ки музокира кунад, аммо Эрон музокира намекунад.

Ин изҳорот дар шароите матраҳ шуда аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар бор барои анҷоми гуфтугўҳо бо 6 кишвар дар бораи барномаи ҳастаии худ эълони омодагӣ карда, аммо кишварҳои ғарбӣ ҳар бор бо коршиканӣ дар баргузории ин нишастҳо, боъиси бенатиҷа мондани ин гуфтугўҳо мешаванд, аммо дар ниҳоят низ ҳар бор ба гунае рафтор мекунанд, ки гўё ин Эрон аст, ки тамоюле  ба гуфтугў надорад.

Бинобарин гузориш нишасти мазкур дуруст як ҳафта қабл аз баргузории суханронии  Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар маҷмаъи умумии Cозмони милал дар Ню Йорк баргузор шудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)