Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

Занги аввали мадрасаҳои Эрон бо шиори «Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» оғоз мешавад

22 сентябр 2012, 04:26

Ҳусейни Ҳижабрӣ, муовини вазири омӯзишу парвариш (маориф)-и Эрон аз танинандоз шудани шиори «Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» дар нахустин рӯзи оғози соли нави таҳсил дар мадрасаҳои Эрон хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузории «Форс», Ҳусейни Ҳижабрӣ бо ишора ба беҳурматии Амрико ба соҳати муқаддаси Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) изҳор дошт: «Дар пайи ин иқдом Вазорати омӯзишу парвариш бо пахши баёнияе ин иқдомро маҳкум намуд. Аз ин ба баъд дар мадрасаҳо  азон ва «Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» аз баландгӯйҳои мадраса бо садои хонандаҳо садо медиҳад ва низ дар давоми сол барномаи «Ҳифзи ҳадисҳои Расули Акрам(с)» роҳандозӣ хоҳад шуд.

Гуфтанист, оғози соли таҳсилӣ дар мадрасаҳои Эрон 1-уми меҳрмоҳ (баробар бо 22-юми сентябр) мебошад ва имсол беш аз 2 миллион нафар ба синфи якум мераванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!