Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Дар дукони сартарошӣ кордзанӣ карданд

22 сентябр 2012, 06:42

Як сокини шаҳри Кӯлобро ҳангоми дар дукони сартарошхона қарор доштанаш захмӣ кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба Исфандиёр Латипови 26 сола, муроҷиат намудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, рӯзи 21-уми сентябри соли равон Ҷамшед Мусоеви 29 сола, сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб дар дукони сартарошхонаи шаҳрванд Баракат Рӯзиев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. «Бинобар сабаби хусумати пешина доштанаш, ба тарафи Исфандиёр Латипов, ки дар сартарошхона машғули сартарошӣ будааст, дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо корди дар дасташ буда,  як маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб мезанад»,-афзуд манбаъ.
Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.  




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!