Бахшҳо

Дар Душанбе Кумитаи тадорукот оид ба ислоҳоти қонуни интихоботи президентӣ таъсис ёфт

Мизи мудаввари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон имрӯз, 22-юми сентябр сурат пазируфт. Дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Пешниҳоди ислоҳот ва тағийру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз муҳимтарин ҳадафи ҳамоиш арзёбӣ гардид. Раҳматилло Зойиров, роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аз мушкилӣ ва қонуншиканиҳо дар интихоботҳои қаблӣ мисол оварда, таъкид кард, ки дар сурати ба эътибор гирифта нашудани пешниҳодоти навбатӣ, интихоботи қарибулвуқӯи раёсатҷумҳурӣ низ ношаффоф баргузор хоҳад шуд.

Иштирокдорони мизи муддавар Кумитаи тадорукот оид ба ислоҳоти қонуни интихоботи президентиро таъсис доданд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲУСДТ, Бузургмеҳр Ёров, аъзои коллегияи «Сипар», Амният Абдулназаров, роҳбари ҷамъияти «Демофони демография», Хайрулло Абдуллоев, муовини роҳбари ҲДТ, Шералӣ Кенҷаев, Зариф Ғуломов ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҳайати кумитаи мазкур шомил гардиданд.

Гурӯҳи мазкур дар натиҷаи баҳсҳои зиёд лоиҳаеро қабул намуд, ки дар он 6 пешниҳод барои ворид кардани тағйиру илова ба бандҳои қонуни президентӣ зикр шудааст.
Нишасти навбатии Кумитаи тадорукот дар нимаи дуввуми рӯзи 25-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Дар натиҷаи ин нишаст лоиҳа такмил ёфта, кумитаи тадорукот тасмим дорад, онро ба Конфронси Ҳуқуқи башар, ки дар шаҳри Варшава доир мешавад, бифиристад.

Ёдовар мешавем, мизи мудаввари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки «Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» унвон дошт, мебоист ҳанӯз 13-уми сентябри соли равон дар Маркази «Иттилоот ва муошират», воқеъ дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон баргузор мегашт, аммо баъдан созмондиҳандагон гуфтанд, ки масъулини марказ иҷозаи баргузории онро надодаанд. Ба қавли Зоиров меҳмонхонаи «Каён», Иттифоқи нависандаҳо, Академияи илмҳо низ розӣ нашудаанд, ки ҳамоишро мизбонӣ кунанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)