Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҳар чӣ зудтари нерӯгоҳи Санободро талаб кардааст

24 сентябр 2012, 04:58

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафар ба вилояти Бадахшон аз маъмурияти «Помир Энерҷӣ» тақозо кардаст, ки асоснокии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи Себзорро дар ноҳияи Роштқалъа ҳар чӣ зудтар омода карда, ба таҳияи асоснокии лоиҳаи нерӯгоҳи Санобод дар ноҳияи Рушон пардозанд.

Эмомалӣ Раҳмон далели шитобкорориро барои сохтмони ин ду неругоҳ дар он гуфтаст, ки дар ҳудуди вилоят барои коркарди маъданҳои кашфшуда нерӯи барқ лозим аст: «Ин иқтидоре, ки айни ҳол аст, талаботи корхонаҳои коркарди маъданро таъмин карда наметавонад. Нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегават ва Санобод бо иқтидори 125 мегават имконият медиҳанд, ки рушди саноати маъдани куҳӣ дар вилоят таъмин шавад. Ин ҳазорҳо ҷойи корӣ аст».

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон моҳе пеш яке аз сармоягузорони эҳтимолии нерӯгоҳи барқи обии «Санобод» дар ноҳияи Рушони ВМКБ Хазинаи Оғохонро номида, таъкид намуд, ки айни ҳол талаботи гузоштаи Хазина дар мавриди Санобод номақбул аст. Шералӣ Гул мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон хостори тавассути «биотӣ» сохтани ин нерӯгоҳ аст: «Баъди пурра сохтани нерӯгоҳ ва истифодааш давоми як муддати муайян, он бояд ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад. Айни ҳол талаботи гузоштаи Хазинаи Оғохон бисёр вазнин аст».

Гул Шералӣ мушаххас накард, ки Хазинаи Оғохон кадом талаботро пеш гузоштаст, аммо таъкид намуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ба Хазина иҷозат додаанд. Вазири энергетика мегӯяд, дар Бадахшон идораи истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда шудааст ва бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт имкони содиротии барқро аз вилоят ба маротиб зиёд мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!