Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:36

Русия аз Тоҷикистон 145 миллион доллар гирифтаст

24 сентябр 2012, 05:19

Ҳаҷми пуле, ки тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтаст, нисбат ба маблағе, ки аз Тоҷикистон ба Русия интиқол ёфтаст, 10 маротиба бештар мебошад.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, шахсони инфиродӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 145 миллион доллари амрикоиро роҳӣ кардаанд. Дар ҳоле, ки шахсони инфиродӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои интиқоли пулӣ бештар аз 1 миллиарду 400 миллион долларро равон кардаанд. Маблағи миёнаи як амалиёти интиқол дар семоҳаи якум 316 доллари амрикоӣ, дар семоҳаи дуюм 239 доллари амрикоиро ташкил додаст.

Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми пули аз Русия гирифта, миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ҷои дуюм меистад. Ҷои аввалро Ӯзбакистон мегирад, ки давоми ним сол аз Русия ба ин кишвар 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ интиқол ёфтаст. Украина бо нишондоди 1,3 миллиард дар ҷои сеюм меистад.

Ба Тоҷикистон аз Русия маблағро асосан муҳоҷирони меҳнатӣ роҳӣ мекунанд, ки пули онҳо такягоҳи асосии мӯътадилияти иқтисодию иҷтимоии мамлкат маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои Бонки марказии Русия соли гузашта шахсони инфиродӣ ба Тоҷикистон 3 миллиард ва соли пештар 2,2 миллиард доллари амрикоӣ роҳӣ намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!