Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

Еврову рубл ба боло, доллар ба пойин

24 сентябр 2012, 05:44

Қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ поён фуромада, айни ҳол дар ҳудуди 4,8200-4,8400 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли баландшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна як рубли русӣ ба ба 0,1525-0,1535 сомонӣ ва евро ба 6,1350-6,1600 сомонӣ баробар шудаанд.

Бояд гуфт, тайи рӯзҳои охир қурби рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба 0,1494-0,1503 сомонӣ ва евро ба 6,0127-6,0350  сомонӣ баробар буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!