Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»: «Барқи тоҷик» қариб нисфи пуламонро надодааст

25 сентябр 2012, 04:04

Масъулини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯянд, маблағи қариб нисфи барқро, ки нерӯгоҳ аз аввали соли 2008-ум то ҳол ба «Барқи тоҷик» интиқол додааст, дарёфт накардаанд.

Дар ҳоли ҳозир намояндагони «Сангтӯда-1» ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик»-ро дар назди нерӯгоҳ 288,5 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, «Сангтӯда-1» тайи солҳои фаъолияташ ба «Барқи тоҷик» ба маблағи 655 миллион сомонӣ барқ интиқол додааст. Дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» масъалаи қарздории «Барқи тоҷик»-ро дар назди нерӯгоҳ хеле мубрам арзёбӣ карда, таъкид мекунанд, ки ба мӯътадилияти фаъолияти нерӯгоҳ таъсир дошта, эҳтимол вазъи таъминоти муштариёни барқ дар фасли сармои оянда нисбат ба соли гузашта бадтар шавад.

Масъулини нерӯгоҳ мегӯянд, дар натиҷаи ёфт нашудани маблағгузорӣ кори нерӯгоҳ метавонад қатъ гардад, ки пеш аз ҳама ба зарари мардуми оддӣ аст. Нерӯгоҳи «Сангтӯда- 1» 15 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, дар доираи имкониятҳояшон қарзи «Сангтӯда-1»-ро пардохта истодаанд ва минбаъд кӯшишҳоро дар ин самт бештар хоҳанд намуд. Баробари ин масъулини «Барқи тоҷик» харидории барқро аз «Сангтӯда-1» зараровар арзёбӣ мекунанд.

Манбаъ аз ширкати «Барқи тоҷик» изҳор дошт, ки давоми чор соли харидории барқ аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бештар аз 150 миллион сомонӣ зарар дидаанд, зеро аз нерӯгоҳ бо нархи қимат мехариданду бо нархи арзон ба муштариён мефурӯхтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!