Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

Ҳосили нав гаронишавиро дар бозорҳои Тоҷикистон қатъ накардааст

25 сентябр 2012, 05:58

Дар Тоҷикистони аграрӣ, сарфи назар аз он, ки мавсими ҳосилғундорӣ аст, нархи бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ майли афзоиш доранд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тайи як моҳи охир нархи маҳсулоти озуқа ва кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахти кишвар аз 4 то 13% афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи масъулини вазорати мазкур дар оғози даҳаи дуюми моҳи сентябр нархи як дона тухм дар бозорҳои пойтахт ба 70 дирам расидаст, ки нисбат ба як моҳ пеш 4 фоиз қиматтар аст. Аммо дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта, ки тухм ҳудуди 90 дирам нарх дошт, ин намуди озуқа бештар аз 15% арзон шудааст.

Як килло бодиринг айни ҳол дар бозорҳои Душанбе ҳудуди 2,2 сомонӣ нарх дорад, ки нисбат ба нишондоди моҳи август 30 дирам боло рафтааст. Нархи як килло пиёз аз моҳи гузашта то ҳозир 49 фоиз боло рафта, ба 1 сомонию 60 дирам баробар шудааст. Дар давоми як моҳи охир нархи пиёз 55 дирам боло рафтааст. Арзиши шакар ҳам дар Тоҷикистон тайи як моҳи охир 40 дирам боло рафта, як килои он ба ивази 5,5 сомонӣ дар фурӯш аст. Нархи биринҷ ва маҳсулоти макаронӣ тайи моҳи охир бетағйир мондаст.

Баробари ин дар бозори Тоҷикистон баъзе маҳсулоти озуқаворӣ майли арзонӣ доранд. Миёни маҳсулоти озуқавории арзоншуда, себ, картошка ва шир номбар шуданд. Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, нархи як литр шир давоми як моҳ 5 фоиз поён рафта, то 4 сомонӣ расидааст. Ҳамин давраи соли гузашта нархи як литр шир ба 3,5 сомонӣ баробар буд. Картошка, ки маҳсулоти дуюми асосии мардуми кишвар маҳсуб меёбад, тайи як моҳи охир 28 дар сад арзон шуда, айни ҳол як килои он ба ивази 1,7 сомонӣ дар фурӯш аст.

Афзоиши нархҳо дар шароити Тоҷикистон, ки бештар аз нисфи аҳолӣ ба қатори камбизоатҳо дохил мешаванд, боиси он мешавад, ки сафи қашшоқон дар кишвар бештар шавад. Сатҳи дастрасӣ хизматрасонии тиббӣ ва маориф ҳам коҳиш меёбад, чун мардум ночор даромади ночизашонро кулан харҷи озуқа хоҳанд кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!