Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Афзоиши истеҳсоли гӯшт ҳам монеи болоравии нархи он нашуд

25 сентябр 2012, 09:58

Дар Тоҷикистон тайи як соли охир нархи гӯшти гусфанд 21 дарсад қимат шуда, тибқи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна ҳоло як килои он 33 сомонию 13 дирам фурӯхта мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як кило гӯшти гусфандро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 30 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида  шудааст. Як кило гӯшти гусфандро ин ҷо 34 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Ин нишондод дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои  «Саховат»-у «Шоҳмансур» ба 33 сомонӣ баробар аст. Дар бозори «Варзоб» бошад, 32 сомонӣ»,-афзуд манбаъ.

Болоравии нархи гӯшт дар ҳолест, ки тибқи хабарҳои оморӣ давоми 7 моҳи аввали имсол  дар кишвар истеҳсоли гӯшт 6 фисад зиёд шуда, 67 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Саршумори бузу гӯсфанд дар кишвар тайи ин муддат 202 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!