Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Ба яғмо бурдани пулҳои сефи корхонаи ҶДММ «Мелодиён»

26 сентябр 2012, 06:21

Пулҳои сефи корхонаи ҶДММ «Мелодиён»-ро роҳзанҳо ба яғмо бурданд. Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба мақомоти ВКД- и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Машҳур Алиеви 21 сола, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт, корманди  корхонаи мазкур муроҷиат намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-уми сентябри соли равон соати 22:30-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва истифодаи корд вориди корхонаи ҶДММ «Мелодиён» шуда, аз дохили сейф 2 746 сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғон:  Умед Пирови 17 сола, сокини кӯчаи Менжинский, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №31 ва Мустафо Акрамови 16 сола,  сокини кӯчаи Деповская, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №55 содир намудаанд.

Феълан  аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони роҳзанӣ Умед Пиров дастгир гардида, барои дастгир кардани Мустафо Акрамов чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад,-афзуд сарчашмаи хабар.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!