Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:51

Нархи картошака 22 фоиз гарон шудааст

26 сентябр 2012, 06:44

Як кило картошка дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон давоми як сол, яъне аз 26-уми сентябри соли 2011 то имрӯз 22 дар сад қимат шудааст. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи  як кило картошка дар бозорҳои  кишвар 2 сомонию 10 дирам мебошад. Соли гузашта дар ҳамин давра ин нишондод  ба 1 сомонию 70 дирам  баробар будааст.

Сарчашмаи хабар  инчунин таъкид кард, ки картошкаи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Варзоб»-у «Саховат» бо арзиши  2 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо нархи аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур»-у «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки  як кило картошака ба 2 сомонию 20 дирам баробар мебошад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!