Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Содироти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Қирғизистон қонунӣ аст

13 июн 2011, 11:16

Пешвои ҳизби «Ата Мекен»-и Қирғизистон аз шеваи фаъолияти мақомоти интизомии ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба навиштаи хабаргузоии «24.kg», Омурбек Текебоев зимни суханрониаш дар ҷаласаи комитети «Жогорку Кенеш» (палатаи поёнии парлумонии Қирғизистон) гуфт, боздошти нафароне, ки ба Тоҷикистон аз кишвари мо маводи сӯзишворӣ мебаранд аз сӯи милисаҳо ғайриқонунӣ аст.Ин ҳарфҳоро вакили парлумони Қирғизистон дар нишасти имрӯзаи кумитаи ҳуқуқу тартибот ва мубориза бо фасод иброз доштааст.Ба қавли Текебоев, «кормандони ВКД аз тоҷирон маводи сӯзишвориро мусодира мекунанд, аммо онҳоеро, ки дар парлумону ҳукумати Қирғизистон хешу табор доранд, иҷозаи содирот медиҳанд.Акнун бигӯед, ки ин амал ба хотири чӣ роҳандозӣ мегардад? Имрӯз ҳукумати Қирғизистон содироти маводи мазкурро ба хориҷ аз кишвар манъ накардааст, дар ин бора ҳеч санаде низ рӯи даст нест.Маълум мешавад, ки мақомоти зирабт қонуншиканӣ мекунанд».Зимнан, Зарилбек Рисалиев, вазири умури дохилаи Қирғизистон дар посух ба суоли вакил гуфтааст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбуранд, ки содироти маводи сӯзишвориро аз қаламрави Қирғизистон ҷилавгирӣ кунанд, зеро дар бозори дохилӣ камбуди он эҳсос шуда истодааст ва нархи сӯзишворӣ боло рафтан дорад.«Шумо вазири кишоварзӣ нестед, ки дар бораи нархи сӯзишворӣ фикр кунед.Ин вазифаи ҳукумат аст. Бигузор онҳо ин тасмимро бигиранд»- ҷамъбаст кард Омурбек Текебоев.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!