Бахшҳо
26 сен 2012 09:13Хабарҳои ҷаҳон

Мурсӣ: «Бо дахолати низомӣ дар Сурия мухолифем»

Раиси ҷумҳури Миср бори дигар бо ҳаргуна дахолати низомии бегонагон дар Сурия мухолифат ва таъкид кард, ки Кумитаи чоҳорҷонибаи ҳалли бӯҳрони Сурия дар поён додан ба хунрезиҳо дар ин кишвар муассир хоҳад буд.

Ба гузориши Хабаргузории Форс, Муҳамад Мурсӣ,  ки барои ширкат дар нишастҳои маҷмаъи умумии Созмони милал ба Ню Йорк сафар карда аст, дар мусоҳиба бо телевизиюни "PBS"-и Амрико гуфт, ки Миср бо ҳаргуна дахолати бегонагон дар Сурия мухолиф аст. Вай изҳор дошт, ки талошҳои дипломатии Кумитаи чоҳорҷонибаи муташакил аз Миср, Эрон, Арабистон ва Туркия дар поён додан ба ҷанги дохилии хунин дар Сурия, ки аз 18 моҳ қабл оғоз шуда аст, муассир хоҳад буд.

Вай бо ишора ба ин ки бо ҳар гуна дахолати бегонагон ва ба коргирии зӯр дар ҳаводиси Сурия мухолиф аст, афзуд: «Ман ин мавзӯъро таcдиқ намекунам ва муътақидам, ки агар ин мавзӯъ иттифоқ биафтад, иштибоҳи бузурге хоҳад буд ва Миср ҳаргиз бо он мувофиқат нахоҳад кард».

Мурсӣ дар идома бо таъкид бар ин ки аз ҳама муҳим тавақуфи хунрезиҳои ҷорӣ дар Сурия аст,  афзуд, ки масъулони мисрӣ , эронӣ, турк ва саъудиро даври ҳам ҷамъ карда, роҳкорҳое барои поён додан ба ин муноқиша ироа кунанд, зеро кишварҳо ба мизони гуногун ба ҳаводиси Сурия таъсир доранд ва ҳалли бӯҳрони Сурия низ бидуни мушорикати ин кишварҳо мумкин нест. Вай ибрози умедворӣ,  ки сарони ин чоҳор кишварро дар як иҷлос барои баррасии парвандаи Сурия, даври ҳам ҷамъ кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)