Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:41

Русия бензинашро аз моҳи октябр 6 фоиз қиматтар мекунад

26 сентябр 2012, 09:25

Боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия аз 1 –уми октябр дар ҳаҷми 25 доллари амрикоӣ ё 6,4 фоиз афзоиш ёфта, аз 394 доллари моҳи ҷорӣ то 419 доллар сари як тон хоҳад расид.

Интиқолдиҳандагони бензин аз Русия ба Тоҷикистон сар аз аввали моҳи октябр барои ҳар тон бензин 377 доллар боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Моҳи ҷорӣ ин нишондод ба 354 доллар баробар аст. Зимни содироти маҳсулоти рушани нафтии дигар интиқолдиҳандагон ба Тоҷикистон сари ҳар тон 276,4 доллар пардохт хоҳанд кард, ки нисбати ҳозира 18 доллари амрикоӣ қиматтар аст.

Юлия Войтович, таҳлилгари рус сабаби афзоиши боҷи содиротиро ба афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон ва пешгӯиҳои боз ҳам қиматтар шудани он рабт медиҳад. Дар ҳамин шароит боло бурдани боҷи содиротӣ нархи сӯзишвориро дар дохили Русия мӯътадил нигоҳ медорад, чун содироти нафту маҳсулоти нафтиро камфоида менамояд ва ин дар навбати худ ба фаровонӣ дар бозори дохилии Русия мусоидат мекунад.

Русия таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ маҳсуб ёфта, афзоиши боҷи содиротӣ дар ин кишвар ба гаронии сӯзишворӣ ва маҳсулоти дигари аввалиндараҷа дар Тоҷикистон анҷом меёбад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!