Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:30

«Помир Энержӣ» аз «Барқи тоҷик» пеш гузашт

26 сентябр 2012, 10:40

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон далели онро, ки имрӯз Бадахшон тавонистаст, то ҷое худро бо барқ таъмин намояд, дар он гуфт, ки истифода ва идораи нерӯи барқ дар ин минтақа дуруст ба роҳ монда шудаст.

Тибқи шартномаи консепсионӣ рушди соҳаи энергетикаи вилоят ба «ПомирЭнержӣ» вогузор шудаст. Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ки бахши электроэнергетика куллан дар ихтиёри ширкати «Барқи тоҷик» қарор дорад, солҳост, мушкили таъмини мардум бо барқ ҳал нашуда истодааст. Идораи истифодаи нерӯи барқ ҳам хеле коста арзёбӣ мегардад. Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» эътироф дорад, ки таи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 миллиарду 243 миллион кВт/соат барқ талаф ёфт, ки 14,7 фоизи барқи интиқолшударо ташкил медиҳад. Вай инро талафоти технологӣ ном бурд.

Миқдори талафёфтаи барқ метавонист дар фасли сармо, ки авҷи истеъмоли барқ аст, талаботи шаҳри Душанберо пурра таъмин кунад. Аз ҷумла фасли сармои гузашта шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ҳамагӣ 12 миллион кВт/cоат барқ мегирифт. 1 миллиарду 243 миллион кВт/соат барқи талафдодаи «Барқи тоҷик» барои таъмини шаҳри

Душанбе дар 104 шабонарӯзи фасли сармо басанда мебуд. Умуман ин миқдори барқи дар нимсола талафёфта, метавонист тамоми ҷумҳуриро як моҳ пурра бо барқ таъмин намояд. Ин дар ҳолест, ки дар баробари талафоти технологӣ ба гуфтаи худи Абдулло Ёров инчунин талафоти тиҷоратӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 10 фоизро ташкил медиҳад. Вай аз ҷумла чунин гуфт: «Талафоти тиҷоратӣ, он маблағҳое, ки мо ҷамъоварӣ карда наметавонем 10 фоизро ташкил медиҳад».

Талафоти тиҷоратӣ дар ҳаҷми 10 фоиз ба замми талафоти технологӣ дар ҳаҷми 15 фоиз якҷоя 25 фоиз мешавад ё чоряки энергияи барқ айни ҳол дар Тоҷикистон барабас рафта истодааст. Ин нишондоде, ки худи масъулини «Барқи тоҷик» эътироф мекунанд. Талафоти воқеӣ метавонад аз ин бештар бошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!