Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:46

Аз оғози сол то имрӯз беш аз 300 ҷинояти ҷавонон ба қайд гирифта шудааст

26 сентябр 2012, 11:52

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо хонандагон ва волидони онҳо баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мулоқот  паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҳимояи ҳуҳуқу манфиатҳои қонунии кӯдак мебошад.

Зебунисо Холдорбекова, подполковники милиса, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон падару модаронро ба вазъи имрӯзаи ҷинояту ҷинояткориҳо миёни хонандагон аз наздик ошно намуд.

Мавсуф қайд кард, ки аз авали сол то ба имрӯз аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонони ҷумҳурӣ 343 ҷиноят ба вукӯъ пайвастааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 64 ҷиноят зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар  вохӯри зикр шуд, ки гашту гузори шабонаи ноболиғон дар кӯчаҳои шаҳр зиёд гардидааст.

Масъалаи ба  марказҳои бозиҳои бурднок,  ҷойҳои дилхушӣ, марказҳои кампютерӣ рафтани онхо, риоя нанамудани либоси ягонаи мактабӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ  дар дарс низ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт.

Чунин сӯҳбату вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо дигар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт  низ сурат мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!