Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Корфармоёни тоҷик маоши коргаронро саривақт намедиҳанд

27 сентябр 2012, 06:12

Дар Тоҷикистон маоши мардум бо вуҷуди он ки яке аз ночизтаринҳо, ҳатто дар ҳудуди ИДМ маҳсуб меёбад, дар бисёри ҳолат саривақт пардохт намешавад.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи август корфармоён аз когарон дар кишвар 15 миллиону 700 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Тибқи иттилои Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маоши миёна дар қатори 9 кишвари ин созмон аз ҳама охир меистад. Аз ҷумла дар Қирғизистон маош миёна дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба Тоҷикистон ду маротиба зиёдтар, - 9,7 ҳазор сом ё 208 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Кумитаи омори ИДМ дар ҳудуди созмон маоши баландтаринро дар аввали соли ҷорӣ дар Русия ба қайд гирифтаст, ки баробари 23,8 ҳазор рубли русӣ ё 801 доллари амрикоӣ аст. Дар зинаи дуюм Қазоқистон қарор дорад, ки маоши миёна моҳи феврал дар ин кишвар баробари 92,2 ҳазор тенге ё 625 доллари амрикоӣ мебошад. Рӯйхати сегонаи пешсафтарин бо Озарбойҷон хотима меёбад, ки маоши миёнаи кормандон дар ин кишвар 368 манат ё 469 доллари амрикоиро ташкил менамояд.

Ҷои чорумро аз рӯи ҳаҷми маоши миёна Белорусия, бо нишондоди 360 доллар соҳиб шудаст. Дар пайи он Украина -339 доллар, сипас Арманистон 268 доллар ва баъдан Молдова бо маоши миёнаи 268 доллари амрикоӣ қарор гирифтаанд. Камтарин нишондод дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки баробари 115 доллари амрикоӣ аст.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!