Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Шакар 8 дарсад қимат шуд

27 сентябр 2012, 06:40

Тайи як моҳи охир шакар дар бозорҳои пойтахт 8 дарсад қимат шуда, ҳоло як килои он дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 5 сомонию 50 дирам фурӯхта мешавад.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон як кило шакар 5 сомонию 13 дирамро ташкил медод. Ба иттилои манбаъ, феълан як килло шакарро дар бозорҳои «Варзоб»-у «Саховат», ва «Деҳқон»-у «Шохмансур» бар ивази 5 сомонию 50 дирам мефурӯшанд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, дар баробари ин ҳоло дар бозорҳои кишвар болоравии нархи орд (40%), қаймоқ (22%), шир (30%), гӯшти гову гӯсфанд (21%)  ва картошка (22 %) мушоҳида мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!