Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:09

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Вазорати иқтисод

27 сентябр 2012, 10:49

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  муовини вазир Умед Давлатзод бо мушовир оид ба масъалаҳои кӯмаки молиявӣ ва идоракунии молияи давлатии Комиссияи Аврупо доктор Рупиндер Сингҳ мулоқот намуд.

Дар ин бора ба Озодагон Нуралӣ Шоќурбонов сардори Хадамоти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи соҳаи иқтисод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз мавзӯи меҳварии мулоқоти ду ҷониб маҳсуб гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доктор Р.Сингҳ ҳадафи ташрифашро ба кишвари мо баён дошта, изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ омода аст ҳамкориашро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшад. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки дар рафти вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳия намудани барномаҳои минбаъда самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар навбати худ, муовини вазир У. Давлатзод самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди кишварро зикр карда, дар ин замина дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро аз рӯи самтҳои мазкур ва соҳаҳои муҳими дигар номбар намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!