Бахшҳо

Путин ба Душанбе меояд. Ба наздикӣ

Владимир Путин, президенти Русия 4-уми октябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.

Дафтари матбуотии райисҷумҳур гуфтааст, ин боздид ду рӯз идома карда, дар ҷараёни он қарор аст санадҳои муҳиме, ки комиссияҳои байнидавлатӣ дар бахши ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ омода кардаанд, ба имзо расанд.

26-уми сентябр Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки «Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ: Дурнамои ҳамгироиҳои ҷадид» ном дошт, гуфт, ки «сафари навбатии Владимир Путин равобиту муносиботи Русия бо Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав хоҳад бардошт».

Ба навиштаи «Озодӣ» сафар Владимир Путин ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад ва баҳси шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ байни Маскаву Душанбе камаш 4 сол боз идома дорад. «Мақомот расман дар бораи шартҳои тарафҳо ва ҷараёни музокирот хеле кам маълумот медиҳанд, вале бино ба хабари расонаҳои русӣ, Душанбе барои ин пойгоҳ тақрибан 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки Маскав қабул надорад»,-менависад манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)