Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Себ дар Тоҷикистон беш аз 100 фоиз гарон шудааст

1 октябр 2012, 04:58

Арзиши як килло себ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон давоми як сол, яъне аз 1-уми октябри соли 2011 то имрӯз  аз сад дар сад ҳам болотар афзоиш ёфтааст.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як килло себ дар пойтахт 6 сомонию 15 дирамро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ин нишондод 3 сомонӣ будааст.

Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳама себи арзонро дар бозори  «Саховат»- бо арзиши 5 сомонию 40 дирам харидан мумкин. Аммо арзиши аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур»-у «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки як киллоаш  7 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!