Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:44

Садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар мунҷар ба ҳалокати се нафар шуд

1 октябр 2012, 06:38

Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Далер Умарови 24 сола, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки сабукрави «BMW»-ро идора мекард,  ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи «КАМАЗ», таҳти идораи Ғайрат Фаттоҳов, сокини шаҳри Панҷакент, кӯчаи Дарғ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «BMW» ва мусофирони он Нусрат Сайфуллоев, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноболиғ Зарнисор Темирова, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳраки Пролетари ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!