Комроншоҳи Устопириён, варзишгаре, ки ҳам барои мухлисони самбо ва ҳам ҷудо ошност, ба хазинаи варзишии кишвар як медали дигар зам кард.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дирӯз, 30-юми сентябр дар шаҳри Тайбеи Чин 13-умин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор шуд. Шарафи кишвари моро дар ин сабқат Комроншоҳи Устопириён ҳимоя намуд ва барандаи медали биринҷии мусобиқа гардид. Ягона бохте, ки Комроншоҳро аз давом додани қувваозмоиҳои финалӣ маҳрум сохт ин муҳориба бо варзишгари Ҷопон буд.
Ёдовар мешавем, ин варзишгари тоҷик дар вазни 90 кило бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд ва клуби «Вастан» дар чемпионати мазкур ширкат варзид.
Мӯҳр