Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54

Туркия ба Миср 1 миллиард $ медиҳад

1 октябр 2012, 09:16

Бо сафари раиси ҷумҳури Миср ба Анқара,  давлати Туркия  бо додани қарзи як миллиард долларӣ ба Қоҳира мувофиқат кард.

Ба гузориши Форс ба нақл аз расонаҳои Миср, Муҳаммад Мурсӣ ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо раҳбарони Туркия ва ширкат дар конфронси солонаи ҳизби “Адолат”  ва тавсиъаи ин кишвар, рӯзи якшанбе ба Анқара сафар кард. Дар ҷарёни ин сафар давлати Туркия эълон кард, ки бо додани қарзи як миллиард долларӣ ба Қоҳира мувофиқат кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Мурси дар суханронии худ дар маҳалли баргузории конфронси солонаи ҳизби “Адолат” ва тавсеъа изҳор дошт: “Мо аз миллатҳое ҳимоят мекунем, ки хостори озодӣ  ва истиқлол ҳастанд. Мурси ҳамчунин таъкид кард, ки Миср ва Туркия бародаранд ва Қоҳира дар ноябри оянда барои истиқбол аз нухуствазири Туркия ва ҳайати вазирон ва бозаргонони ин кишвар омода мешавад.

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки Миср ва Туркия дар хусуси ду қазияи Фаластин ва Сурия бо ҳам иттифоқи назар доранд ва туркҳо дар ҷарёни инқилоби 25 январ низ дар канори Миср буданд ва аз он ҳимоят карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!