Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Боҷи содиротӣ барои бензини русӣ боз боло рафт

2 октябр 2012, 04:40

Зимнан, ба маҳсулоти нафтии аз он кишвар воридшаванда  25 доллари ИМА зам гардида, ҳоло ба ҷои арзиши он аз 393,8 $-и моҳи сентябр то ба 418,9 $ барои як тонна боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, ин раванд тайи чанд моҳи ахир ба назар мерасад. Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 245,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,6 ҳазор тонна камтар мебошад.

Воридоти бензин 109,4 ҳазор тонна, ё худ 4,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 44 ҳазор тонна камтар аст.

Маврид ба ёдоварист, ҳоло 62,7%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мегардад ва аз соли гузашта саҳми он кишвар дар воридот ба андозаи беш аз 20% кам шуд.   Ҳиссаи Туркманистон дар воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон афзуда, аз 11%-и соли гузашта то 19,8% боло рафт.

Аммо дар Тоҷикистон ба бекор шудани боҷи содиротӣ умедворанд. Интизор меравад, ки зимни сафари қарибулвуқӯъи Владимир Путин, президенти Русия ба Душанбе ин масъала дар меҳвари гуфтушунидҳо қарор хоҳад дошт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар боҷи содиротӣ бекор гардад, қимати бензин дар ҷумҳурӣ аз 6,5 сомонӣ то 4,5 сомонӣ поин меравад.  




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!