Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

«Агроинвестбонк» дар рӯзи истироҳат ҳам ба мизоҷон хизмат мерасонад

2 октябр 2012, 09:32

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва пешниҳоди он ба мизоҷон, ҶСК «Агроинвестбонк» нахустин бор дар низоми интиқоли маблағҳо реҷаи кориро дар рӯзҳои истироҳат ҷорӣ менамояд.

Дар ин бора ба Озодагон аз бонки мазкур иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, акнун бахши интиқоли маблағҳои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» рӯзҳои якшанбе низ, аз соати 8-00 пагоҳӣ то соати 13-00 ба мизоҷон хизмат мерасонад.

Ин иқдоми нави бонк метавонад барои ҳалли мушкилоти баъзе маблағгирандагон, ки мехоҳанд маблағҳои худро дар рӯзи истироҳат, яъне якшанбе ба даст оваранд, мусоидат намояд.

Ҳамакнун, сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он, ки пештар дар рӯзҳои корӣ барои ба бонк муроҷиат кардан имконият надоштанд, метавонанд дар ҳама рӯзҳои ҳафта, ҳатто рӯзи якшанбе маблағҳои аз хориҷ ба номи онҳо интиқолгаштаро дастрас намоянд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!