Бахшҳо

Сӯҳроб Қурбонов ҷоизаи 1 миллион рублиро соҳиб шуд

Собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон  бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов сарфароз гардид.

Тибқи иттилои расида, ин мукофот ҳар сол ба беҳтарин рассомони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби коммиссияи вижа, ки 25 тан аз рассомону наққошони варзида шомили он ҳастанд, тақдим мегардад. Сӯхроб Қурбонов, ҳамроҳ бо се тани дигар аз рассомони дигари собиқ шӯравӣ дар ҷараёни баргузории як намоишгоҳ  ба ин муносибат дар шаҳри Уляновск соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Пластов шудаанд. Ба гуфти ӯ, ин ҷоизаро, ки сатҳи байналмилалӣ дорад ва ба ифтихори рассоми саршиноси рус, академик ва қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шудааст, барои хизмати шоён дар рушди санъати тасвирӣ ва зебоиофарӣ дарёфт менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, Аркадий Пластов, зодаи шаҳри Уляновск аз рассомони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки унвони қаҳрамони СССР ва академики санъати рассомиро соҳиб шуда буд. Маблағи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов як миллион рубли русӣ, ё муодили 30 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Гуфта мешавад, миёни  осори пешниҳодшудаи Сӯҳроб Қурбонов наққошие аз достони "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ низ будааст, ки таҷассумгари фарҳанги миллии тоҷик аст. Сӯҳроб Қурбонов барои ин асари тасвирӣ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ шуда буд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)