Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 март 2017, 16:38

Бонкдорон дар Душанбе ҷамъ меоянд

3 октябр 2012, 12:03

Рӯзҳои 3 ва 4-уми октябри соли равон дар пойтахти кишвар ҷаласаи 27-уми  Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегардад.

Тавре Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Бонки байнидавлатӣ иштирок хоҳанд кард.

 

Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар рафти ҷаласа вазъи низоми пардохт ва идораи захираҳои байналмилалии давлатҳои аъзо, қонунгузории давлатҳои иттиҳоди номбурда дар мавриди масъулияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ, таҳлили инкишофи бозорҳои асъори давлатҳои аъзо ва масъалаҳои дигар мавриди бараси қарор гирад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!