Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Шӯрои ВАО: Ҳар шаҳрванд ҳуқуқи муроҷиат карданро дорад

3 октябр 2012, 11:09

Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мубоҳисаи кушоди устодону донишҷӯёни бахши журналистикаи факултаи филология бо аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон сурат пазируфт.

Дар ибтидо Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон оид ба таърихи фаъолияти ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ донишҷӯёнро ошно намуда таъкид намуд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад дар сурати вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ба Шӯро бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунад. Дар мавриди риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ сухан намуда номбурда қайд кард, ки мақсади асосӣ- худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ мебошад.

Ҳамзамон, аъзои Иброҳим Усмонов ва Мухтор Боқизода ҷиҳати риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон изҳори назар карда, ба рӯзноманирони оянда дар мавриди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар ин ҳамоиш перомуни касбияту ҳирфавияти журналист ва нигоштаҳои рӯзноманигорӣ таваҷҷӯҳи бештар равона гардид. Донишҷӯён ба суолҳои худ  роҷеъ ба меъёрҳои касбиву ахлоқӣ посух гирифтанд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба донишҷӯёну устодони ДСРТ адабиёт роҷеъ ба механизми худтанзимкунӣ, аз ҷумла «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҳадя шуд.

Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!