Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:08

Консерти хайрия барои кӯмак ба Фаромуз Шосаидов

3 октябр 2012, 09:39

Барои кӯмак ба Фаромуз Шосаидов, як ҷавони донишҷӯи тоҷик дар Душанбе ду консерт бо иштироки ситораҳои саршиноси мусиқии рок ва эстрада баргузор хохад шуд.

Ин тасмим аз ҷониби гурӯҳи ташабускор, аз ҷумлаи фаъолони шабакаи иҷтимоии Facebook аз сар гирифта шудааст. Тибқи иттилои расида, шоми 12-уми октябр консерти мусиқии рок бо иштироки беҳтарин гурӯҳҳои ҳунарии кишвар ва пойтахт, аз қабили «UNITED», «Rain», «Red Planet» ва «Ал Азиф» баргузор мегардад. Рӯзи 13-уми октябр  бошад, дар толори консертии «Вефа Сентр» бо иштироки ҳунармандоне чун Далер Назар, Кирил Камбаров, Ҷонибек Муродов, Садриддин Наҷмиддинов ва гурӯҳҳои «Шамс», «Авесто», «Парем», «Кайд» ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.Маблағи бадастомада аз консертҳои мазкур барои ҷарроҳӣ ба суратҳисоби Фаромуз гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, радиоҳои "Ватан", "Азия Плюс", лоиҳаи "TONIGHT.TJ", ҳафтаномаҳои "Вечерка", "Азия Плюс",  гурӯҳи расонаҳои "Озодагон", нашрияи  "Нигоҳ" дастгирии иттилоотии ин чорабинии хайриявиро ба дӯш доранд. Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба ин ҷавони ба табобат ниёзманд кӯмак намоянд, метавонанд бо рақамҳои 917731981 ва 901067161 (Рустам), 901000831 ва 934693737 (Насиба), 501000018 (Парвиз) занг зананд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, духтурони Маркази эҳё ва детоксикатсияи   Душанбе ҳар ду гурдаи Фаромӯзро корношоям арзёбӣ намуда, фавран пайванди гурдаи донориро зарур дониста буданд. Дар ҳоли ҳозир ҳаёти Фаромӯз тавассути диализ таъмин шуда истодааст, ки он ҳам хароҷоти зиёди пулӣ дорад. Оилаи Фаромӯз аз миқдори зарурии пул бархӯрдор набуда, аз мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барояшон кӯмак намоянд. Фаромӯз Шосаидов донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, то замони бемор шуданаш бо баҳои аъло мехонд.   

Барои гузарондани маблағ ба суратҳисоби наҷоти Фаромӯз бо асъори сомонӣ:

Получатель

Шосаидов Фаромуз Шонаврузович

Счёт получателя

20218840418050013550

Банк получателя

ЗАО «Первый Микрофинансовый Банк»

Адрес

Таджикистан, г.Душанбе, 734003, пр. Рудаки 105

Корр/Счёт

20402972118051

БИК

350101805

ИНН

020015947

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!