Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

NANO-SIM корт аз ширкати «Вавилон-Мобайл»

3 октябр 2012, 10:10

Ин ширкати мобилӣ бо назардошти рушди технологияи мобилӣ нахустин шуда, дар Тоҷикистон фурӯши SIM -кортҳои нави навъи  Nano -SIM кортро ба роҳ монд.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуоти «Вавилон-Мобайл» хабар доданд, истифода аз SIM -кортҳои нави навъи  Nano -SIM дар айни замон дар тамоми ҷаҳон ба ҳукми анъана даромадааст. Рушди илму техника дар соҳаи телекоммуникатсия ҳатто ба он оварда расонид, ки  бузургтарин истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва дигар технологияҳои муосир  ба истеҳсоли таҷҳизоте машғул шаванд, ки дар он бевосита Nano Sim-кортҳо истифода бурда мешаванд.

Бахусус ширкати Apple дар соҳаи мазкур хеле машҳур буда, бо навовариҳои худ аз қабили  iPhone 5 ва iPad дар бозори алоқаи мобилӣ пешво мебошад.
Ширкати  «Вавилон-Мобайл» чун яке аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ эълон мекунад, ки дорандагони таҷҳизоти iPhone 5 минбаъд метавонанд, барои гирифтани Nano Sim-кортҳо ба шӯъбаи муштариёни ширкат, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 5 (шаҳри Душанбе), инчунин дар шӯъбаҳои намояндагии ширкат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб муроҷиат намоянд. Муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд дар шӯъбаи муштариён ба таври ройгон Sim-корти худро  ба Nano Sim-корт иваз намоянд.

Истифода аз технологияҳои пешрафта ва вориднамоии шаклҳои нави хизматрасонӣ бо дар назардошти дархости истеъмолкунандагон ва кўшишҳо роҷеъ ба мувофиқат кардан ба талаботи бозор, имкон медиҳад, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» ҳамеша дар сафи пеши хидматрасонӣ бошад.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!